БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ – ОМИЛИ БА ДАСТ ОМАДАНИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ ДАР КИШВАР МЕБОШАД

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Касбомӯз»-и Литсейи касбӣ-техникии №51 бо донишомӯзон ва омӯзгорон ҷаласаи ҳизбӣ таҳти унвони «Сулҳу осоиштагӣ дар кишвар аз ваҳдату ягонагӣ ба даст омадааст»  роҳандозӣ гардид. 

Дар ҳамоиш дар бораи   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла дар бораи сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи  энергетикӣ андешаронӣ карда шуда, зикр гардид, ки ба кор даровардани НБО-и «Роғун» яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби ҷаҳиши бузурги иқтисодии Тоҷикистон хоҳад шуд. Ба фаъолият  оғоз кардани ду агрегати иншооти муҳими кишвар баҳри қадами устувор дар роҳи татбиқи ҳадафи асосию стратегӣ – расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад шуд.

Дар идома, оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ андешаронӣ карда шуда, роҳҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар ҷумхурӣ мамнӯъ пешниҳод гардид.

Ҷиҳати татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя хал мекунем!» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба як нафар кӯдак аз оилаи ниёзманди ҷомеа сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш кумак расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg