БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, ДАР МУБОРИЗАИ БЕАМОН БАР ЗИДДИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маорфичиён” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гузаронида шуд.

Зимни баромади худ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  қайд намуд, ки  хоинони миллати тоҷик  имрӯз дар хориҷ аз кишвар бо иваз намудани ном ва самти ҳаракати худ, бо фармонбардорӣ аз хоҷагони хориҷиашон дар созмонҳои ҳуқуқи башар, ба хусус САҲА иштирок намуда, мехоҳанд дубора  боварии мардумро ба даст оранд. Лек фаромӯш намудаанд, ки боре мардум ба онҳо бовар карда буд ва  боварии онҳо ба чи рӯз оварда расонид. Алакай мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз макру ҳиллаҳои наҳзатиён хуб огаҳӣ доранд  ва дубора ба ин фурӯхташудаҳои наҳзат бовар намекунад. 

Боиси тазаккур аст, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротӣ  ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштору ғорат ва дигар кирдорҳои нангин даст  мезананд. Аз ҳамин хотир имрӯз ҳар як фарди ватандӯстро зарур аст барои ояндаи дурахшони насли ҷавон  заррае ҳам бошад,  саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg