БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН НИЗ ДАР ОБОДОНИИ МАҲАЛ САҲМИ БЕАНДОЗА ДОРАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси дастуру ҳидоят ва супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ташаббус ва дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Шомуродзода Сайидаъзам барои сохтмони китобхонаи назди муассисаи таълимии №13-и Ҷамоати деҳоти Гулистон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як миқдор масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида  шуд.

Гулистон Қувватова, сарвари муассисаи мазкур  зимни суҳбат изҳор дошт, ки Шомуродзода Сайидаъзам аз шахсони саховатпешаест, ки дасти кӯмаку саҳми беандозааш ҳамеша дар корҳои ободониву созандагии на танҳо муассисаи мазкур, балки дар ободонии деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистон барои ҳалли мушкилоти ҳамдеҳагон расонида мешавад.

Инчунин, дар идома изҳори умед карда шуд, ки сохтмони китобхона дар тарбияи маънавию фарҳангии сокинон,  ба китобхонӣ ҷалб сохтани насли наврас, пешгирии онҳо аз беҳудагардӣ ва машғул шудан ба ҳар гуна амалҳои ношоиста нақши муҳим хоҳад гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg