БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ АНЪАНАҲОИ НЕКИ НИЁГОН БО МАҚСАДИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИВУ МАЪНАВИИ ҶОМЕА

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани маъсъулияти шаҳрвандӣ. Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои  миллии хеш  ифтихор надорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди  давлат ва давлатдории навин  саҳм гузорад. Тоҷиконро ҳамчун миллати  сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои  созандаву  хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд”.

Вобаста ба ин масъалаи ҳаётан муҳим дар  ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” – и Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён  вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он  масъулини ҳизбӣ атрофи урфу одат ва анъанаҳои  мардумӣ, ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок мулоҳизаронӣ карда таъкид доштанд, ки мо шаҳрвандонро зарур аст урфу одатҳои неки мардумиро таҳлил ва мавриди омӯзиш қарор дода, ҳикмату фалсафаи онҳоро дар зиндагии ҳаррӯззамон бозгӯ намоем. 

Дар қисмати дигари чорабинӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  роҳандозӣ гардида, бо дастгирии сокинон барои сохтмони синфхонаи иловагӣ, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 сохтмонаш ҷараён дорад,  масолеҳи сохтмонӣ кумак  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg