БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИРО БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАФКУРАИ МИЛЛӢ ВА ФОИДАОВАР БА ВАТАНИ ХУД ВА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ БОЯД ИСТИФОДА БУРД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Дар ташкилоти ибтидоии “Корези боло” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ суҳбати самимӣ доир гардид.

Дар суҳбат намояндагони ҳизб  иброз карданд, ки  тавассути интернет мо бо тамоми рӯйдодҳои ҷаҳонӣ огаҳӣ пайдо мекунем. Аммо чи тавре ба мушоҳида мерасад,  истифодаи нодурусти  шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисоли “Вайбер”, “Имо”, “Одноклассник”, “Фейсбук”, “Скайп”, “Твиттер” ва ғайраҳо, ки бештар ҷавонон онро истифода мебаранд,  таҳдиду хатарҳо нисбат ба сулҳу суботи тамоми кишварҳои дунё дорад. Истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ пеш аз ҳама замири ҷавонон ин бедор кардани кибру ғурур нисбати давлату ҳукумат мебошад ва инсонро аз асли шинохти миллати худ дур месозад.

Хатари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ, ки яке аз масълҳои вазнин дар арсаи байналмилали мебошад, ин ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил гардидани ҷавононӣ имрӯза ва содир намудани кирдорҳои носолим ва зараровар ба ҷомеаи башарӣ аз тарафи онҳо мегардад.

Дар рафти суҳбат таъкид шуд, ки шабакаҳои иҷтимоиро барои баланд бардоштани мафкураи миллӣ, хусусияти умумӣ, иҷтимоӣ - фарҳангӣ дошта ва фоидаовар ба Ватани худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона намуда, бештар шаҳрвандон, бахусус ҷавононро  барои ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, пос доштани муқадассоти миллӣ, таърих тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ҳидоят созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg