БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛИБОСИ МИЛЛӢ – МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГУ ТАММАДУНИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ дар маҳаллаи Лоҳутӣ бо иштироки занону духтарон мулоқот баргузор гардид.

Нахуст, намояндагони ҳизбӣ дар баромади хеш қайд доштанд, ки мутаасифона имрӯзҳо миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷоб густариш ёфтааст. Фаромӯш набояд сохт, ки либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳимми фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, ки онро бояд ҳифз намуд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат доир ба  роҳҳои паст кардани пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва тарғиби этироми калонсолон, нозукиҳои муносибати хонаводагӣ ва дигар масъалаҳои муҳим барои ҳаёти мустақилона ибрози ақида гардид.

Бояд гуфт, ки дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар маҳаллаи мазкур бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ таъмир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg