БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чашмасор” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин  қайд  намуданд,  ки давлату Ҳукумат ба масъалаи солими ҷомеа аҳмияти аввалиндараҷа дода, барои рушди соҳаи тандурустӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.  Ин аст, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб биноҳои хуштару замонавӣ сохта шуда, бо таҳҷизотҳои муосир муҷаҳҳаз карда шуданд.

Инчунин, дар идома сиёсати  бунёдкоронаи Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар назди ҷамъомадагон тарғибу ташвиқ карда шуда, онҳо барои боз ҳамободтару шукуфонтар шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон ҳидоят карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg