БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН-МО ҲАМА МАСЪУЛЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созанда ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ҳакимӣ” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Дарки масъулияти баланди шаҳрванди дар бунёди  ҷомеаи шаҳрвандӣ”  вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки ҷовононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, дар замири онҳо ҳисси  масъулиятнокии ҳимояи марзу буми Ватан, риояи бечуну чарои қонунгузориро бедор намуд.

Ҳамчунин  иштирокчиён даъват гардиданд, ки барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати  созовор ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар самти  ободонии маҳал саҳмгузор бошанд.   

Дар паёмади чунин вохӯриҳо бо ташаббус ва дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур муассисаи таълимии №15 –и деҳа  таъмир карда шуда, гирду атрофи  он бо панҷара  маҳкам карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg