БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРҶ ГУЗОШТАН БА ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ НИЁГОН – РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ МОСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Паркамчӣ”  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин  атрофи ҷойгоҳи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун омили асосии баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, нақши фарҳанги тоҷикон дар тамаддун ва фарҳанги аҳли башар, ниёгони соҳибилму соҳибфарҳанг, иродаи устувор ва таҳаммулпазири миллати тоҷик, дар шароити зудтағйирёбии вазъи геополитикии сайёра ва бархурди абарқудратҳо арҷ  гузоштан ба таъриху фарҳанги ниёгон, дар заминаи ҳимоя намудани марзу буми аҷдодӣ ва муаррифии Тоҷикистони азиз мубодилаи афкор намуданд.

Дар  фарҷоми суҳбат сокинон барои боз ҳам рушд ёфтани деҳа дар партави  Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем!” ба корҳои ободонӣ даъват карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg