БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ХОТИРМОН БУД

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии «Навобод»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо сокинон хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯи «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа» ҳамзамон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ доир карда шуд.

Инчунин, дар ҳамоиш Сафарзода Бахтовар Амиралӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта, доир ба  дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуда, қайд кард, ки ки ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешравию муваффақиятҳо ноил мегардад. Бо дарки ин маънӣ ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфиатҷӯву тахрибкор баръакс, ба ифротсозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона месозанд.

Дар фарҷом оид ба татбиқи амалии Аксияи мазкур  сокинон дар якҷоягӣ ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ саҳми худро гузошта истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg