
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади дастгирии шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа ба хотири баланд бардоштани сатҳи камбизоатӣ дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ба 9 нафар ятимони кулл, ки тарбиятгирандони хона-интернати ноҳия мебошанд, сару либос ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла ятимон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.