БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бояд гуфт, бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният  дар самти шинохти сайёраи замин ва кайҳон ба дастовардҳои  чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд.  Дар ин хусус дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикматлубот” вохӯрӣ доир гардид.  Намояндагони ҳизбӣ дар мавзӯи “Ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо” баромад намуда, таъкид доштанд, ки маҳз тенологияи муосир барои рушду нумуи кишвар мусоидат намуда, ҳамзамон метавонад барои  коста гардидани маданият ва фарҳанги ҷомеа, ба хусус насли ҷавон зарар расонад. Масалан,  мубалиғони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ  истифода мебаранд. Аз ин рӯ, мо насли калонсол, падару модаронро лозим аст, ки истифодабарии шабакаи умумиҷаҳонии интернету шабакаҳои иҷтимоии фарзандонамонро назорати ҷиддӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg