БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ БАРҚ ВА ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ МАБЛАҒИ ОН НИШОНА АЗ ФАРҲАНГИ БАЛАНД АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази радиошунавоии №5 ”-и Ҷамоати деҳоти Гулистони  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир карда шуд.

Кормандони масъули ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла ҳидояти сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ сухан гуфта,  зикр намуданд, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

Сипас, иштирокдорон аз суханрониҳои пурмуҳтаво ба худ таассуроти нек гирифта, дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg