БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОЙДЕВОРИ ҲАМАИ КОМЁБИҲО СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ!

ВОКУНИШ. Боиси сарфарози ва хушбахтии тамоми тоҷикон ва тоҷикони руй дунё мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зери сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматкашу шуҷои Ватан ру ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона шуда истодаанд. Вале мутаасифона, имрӯзҳо аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву экстремистии бо номи ТТЭ ҲНИ , ки чеҳраи худро бо номи Паймони миллӣ  миёни мардум паҳн карда истодаанд боиси шармандагист.

Аъзо ва манфиатбарони Паймони миллӣ, ки гуё аз худашон роҳбару мушовиру дигару дигаро эҷод карданд инҳо маошашонро аз куҷо мегирифта бошанд?  ин маъулм аст, ки  аз хоҷагони зархаридашон ва ҳамин буд, ки чеҳраи воқеии худро аз ТТЭ ҲНИ ба Паймони милли мубадал гардониданд. Инҳо бехабар аз онанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар давлатҳои абарқудрат алакай, ки будани шуморо медонанд ва мақсадҳои нопоки шуморо низ, вале сад афсус, шумо худатонро бо чунин корҳои фасоду ноҷавонмардона пеши мардум хору зор кардаед.

Ин беномусон дар баромадҳояшон гуфта истодаанд, ки мо ба мардуми тоҷик озодӣ меорем шумо як ба худатон нигоҳ карда савол диҳед, ки аз кадом озодӣ ва мустақилият ҳарф мезанед. Шукри худованд , ки имрӯз бад аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо алакай ватандор шудем ва имрӯз тинҷу осуда зери парчами миллӣ ва роҳбари хирадманду сулҳпарвар зинадгӣ карда истодааем ва  хурду бузурги Тоҷикистони тозаистиқлоли мо аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашанд ва шукрона мекунанд, ки чунин роҳбари ғамхору ҳимматбаланд доранд, ки дар ҷаҳон мешиносанду эътирофаш  мекунанд.

Шумо палидон худатон хуб медонед, ки солҳои 90-уми асри гузашта бар сари миллату давлати тоҷик чиҳоро овардед ва мардум дар кадом вазъият қарор доштанд ва шумо имрӯз ҷавоби ҳамон нафароне, ки бепадару модар гаштанд дода метавонед? Албата, ки не! Кори шумо танҳо хароб кардан мардумро гумроҳ кардан асту халос, вале суханони шумо ҳеҷ эътибор дар назди кучактарин шаҳрванди Тоҷикистон надорад. Дар баромадҳоятон, ки дар шабакаҳои интрнетӣ мегузоред, худатон бо фейкҳои қалбакӣ ба худатон комент мемонеду боз худатонро ҳазрату домулло гуфта таърифу тавсиф карда қарсак мезанед, монед барои шумо дигарон қарсак зананд. Албата инро дуруст дарк мекунед, ки ба ҷуз худатон ба ягон нафари дигар даркор нестед.

Шумо наҳзатиҳои фитнаангез, ки “гуё” як солагии Паймони дурӯғини худро бо тан танаи рӯякӣ ҷашн мегирифтед. Бори дигар исбот гашт, ки шумо ҳама кору пайкоратон рӯякиву таблиғоти дурӯғ ва ба руи мардум хок пошидан аст. Паймони дурӯғине, ки шумо паймони миллияш меномед, на ягон барномаву ҳадафи мукаммал ва на базаи моддиву маънавӣ, ки дорад, ки онро паймони миллӣ номид. Мешавад “паймони рӯяки”-яш номид. Кору пайкори асосии ин паймони дурӯғин туҳмату буҳтон, дурӯғ ва фитнаагезӣ мебошад. Ҳамин аст, ки давлату ҳукумати Тоҷикистонро бо туҳмату буҳтонҳои кайҳонӣ зери танқид қарор медиҳед. Аммо аз он бехабаред, ки нафрати мардум рӯз то рӯз зиёдшудан мегирад, дигар мардум шуморо ҳамчун душмани фитнаангзу хароб кор меҳисобанд.

Як маротиба бо чашми саратон ва бо ақли расо ободии Тоҷикистонро бинеду мунсифона таҳлил кунед, ки имрӯз Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад, албата наметавонед! Зеро, ки нияти шумо дигар аст, мардумро сарсону саргардон кардан, дар сари мардум тафаккури ифротгароӣ ҷой кардан ва ҳисси кинаву адоват ва бадбиниро нисбати давлату ҳукумат эҷод кардан аст. Вале мо барои шумо мегуем, ки дигар мардум сухани шуморо бовар намекунанд, чихел, ки ҳамон саге, ки меҷакаду роҳакӣ ба роҳаш меравад шумо ҳамон гунна инсонҳо ҳастед, шуморо инсон гуфтан ҳам шояд хатто бошад, вале сад афсус, ки шуморо худованд халқ кардааст мо ба шумо бори дигар таъкид менамоем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз дигар фирефтаи шумо намешаванд. Тоҷикистон дигар Тоҷикистони давраи аввали истиқлолият нест. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дар гирди Пешвои миллат мутаҳиданд-ин аст қударти миллат. Ин нуқтаро фаромӯш накунед.

Ман медонам, ки шумо худатон дар оташ сухта истодааед, дида истодаед, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боз ҳам ру ба тараққи ниҳода истодааст медонам НБО Роғунро тамошо кардеду дар ҳайрат мондед ва ангушти худро гирифта газидед, ки Тоҷикистон пеш рафта истодааст, боғу галгаштҳоро ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дидед, ки чеҳраояшон шоду масрур сайру гашт карда истодаанд, аламатон кард. Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ифтихор мекунем, ки чунин роҳбар ва Пешвои миллат дорем, мардум имрӯзҳо бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар истиқбол аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд ва бо тамоми ҳастии ва руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри созандагиву бунёдкорӣ талош карда истодааснд, ки ҷашни  муқаддасу пуршукуҳи миллати тоҷикро  сазовор ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.

 

Д.Ғаффорзода,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Ҳамадонӣ                                                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg