Ҳизбиён дар корҳои таблиғотӣ ташаббускору масъулиятшиносанд

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо сокинони деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Кӯлоб атрофи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин баромад намуда, изҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба гуногунҷабҳа будани масъалаҳо, манфиатҳои давлату миллат ва ҷустуҷӯву дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мавқеи марказиро касб менамояд.

Дар рафти баргузории мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Фирӯз Шарипов пешниҳод намуд, ки вобаста ба мавҷуд будани теъдоди муайяни аъзои ҳизб моро зарур аст дар назди деҳаи Саричашма ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳем, ки ин пешниҳод аз ҷониби ҳозирин ба хушнудӣ пазируфта шуда, номи ташкилоти ибтидоӣ мувофиқ ба номи деҳа “Саричашма” номгузорӣ карда шуд.

Бо пешниҳоди аъзои ҲХДТ шахси ташаббускору масъулиятшинос Махфират Сафарова ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саричашма” интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________