БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УМЕД БА ҲЕҶ КАСУ ҲЕҶ ЧИЗ НАДОРЕМ, ОБОД МЕСОЗЕМУ БУНЁД МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараёни суҳбати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо гурӯҳи мухолифини тоҷик тамошо карда, нафрати ман нисбат ба он «ватанхоҳон»-у «озодихоҳон»-и рӯякӣ як бар сад афзуд. Бо таассуф аз доштани чунин ҳамватанон (ба ҳамватан гуфтан забон намегардад) бори дигар муътақид гаштам, ки ин тӯдаи хоинону ватанфурӯшон ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ аз роҳи интихобкардаашон барнамегарданд. Дар суханони Кабирӣ, Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва кадом бародарону дӯстони онҳо заррае аз ҳақиқат мавҷуд нест. Дурӯягӣ, дурӯғгӯии маҳз, инкор кардани ҳақиқати таърих ва ҳамчун «қаҳрамонони аслии миллат» ба қалам додани худу ҳаммаслакони худ воқеан боиси хашму ғазаби сахти мардум шудааст.

Ҳамин Кабирии миллатфурӯшу ватанфурӯш барои мо мардуми тоҷик исбот кардан мехоҳад, ки гӯё Истиқлолияти бо рехтани хуни 150 ҳазор мардуми тоҷик, ки бо иғвогариву фитнаангезии худи онҳо ба амал омада буд, бадастомада моли онҳо будаасту онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саркӯб ва аз они худ кардааст. Бо кадом рӯй, бо кадом забон метавонанд чунин суханонро ба забон биёранд? Охир ҳанӯз аз он солҳои воқеан барои миллати тоҷик сахту сангин муддати чандон тӯлонӣ паси сар нашудааст, ки мардум фаромӯшаш кунанд. Мо ҳанӯз зиндаем, аз хотир набаровардаем ва намегузорем, ки ту Кабирии дилсиёҳ бо дурӯғҳои навбатӣ кӯшиши сиёҳ кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Тоҷикистон ва миллати тоҷикро намояд. Алббата мо мушоҳида карда истодаем, ки шумо наҳзатиёни террорист як қисми ҷавонони ноогаҳу ва қатлу куштори шумо бехабарро фиррефта карда истодаед. Аммо инро бидонед, ки оне, ки ба миллату давлати худ хиёнат мекунад, нодонест, ки модари худро ба душман мефурӯшад.

Ҳамагӣ чанд лаҳза гӯш додан ба суханони ин гурӯҳи сиёҳдилу кӯрнамак кофист, ки чун буқаламун чанд маротиба ранги пӯст иваз кардани онҳоро мушоҳида намоӣ. Чанд соле қабл бо тамоми овоз аз беэҳтиромии дину имон дар Тоҷикистон ҳарф мезаданду иддао доштанд, давлати исломӣ месозанд ва мусулмониро дар кишвар «ҷорӣ» менамоянд. Аслан ҳамон солҳо низ ҳадафи онҳо чун имрӯз танҳо расидан ба сари қудрат буд. Бо иғвогариву назарфиребӣ ду минтақаи калони ҷумҳуриро ба ҷони ҳам афканданд ва давлати тозаистиқлолро ба доми ҷанги бесобиқаи шаҳрвандӣ кашонданд. Ин ҷанг ҷанге буд, ки бародар хуни бародар мерехт. Ҷанге буд, ки хушку тар месӯхт.

Тавре шуд, ки дигар худи шахсони ин нобасомониро тарҳрезисохта сару сомон гум карданд. Чораи раҳоиро дар паноҳ бурдан дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон диданд. Ҳазорон шукр ба Худованди беҳамто, ки Тоҷикистони моро аз нестшавӣ ва миллати тоҷикро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошту имрӯз мо мардуми хушбахту сарафрози тоҷик дар фазои озоду обод, дар амнияту осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ҳарчанд мегуфтем, ки «нони хушкро дар об тар карда бихӯрему дар ватани хеш бошем кофист», аммо чун миллати созандаву бунёдкор ҳастем. Чун дигар умед ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз надорем, обод месозему бунёд мекунем. Чун мароми мо обод кардану бунёд кардан аст. Намегӯем, ки то имрӯз чӣ кардему оянда чӣ нақшаҳо дорем. Чунки аллакай дарк кардаем, ки шумо пасмондаву раҳрезаҳои ҳамон шӯрандозону фитнагаронеду ҳатто сафедиро низ сиёҳ мебинед.

Ҳайратовар он аст, ки акнун бо гузашти ин қадар сол иддао доранд, ки дар Тоҷикистон озодии инсон зери по мешавад ва ватани моро беҳуқуқии пурра фаро гирифтааст. Худи муқоисаи он солҳо ва ҳодисаҳои имрӯза басанда аст, то кас эҳсос намояд, ки то кадом андоза ақидаву суханҳоятон иваз шудаанд. Ба ҷуз яке даст ёфтан ба ҳукмронӣ дар Тоҷикистон. То замоне, ки дар давлатҳои исломӣ қарор доштед талоши исломӣ кардани Тоҷикистонро доштед ва имрӯз, ки аз он ҷо шармандавор ронда шудаед мехоҳед, Тоҷикистони демократӣ созед? Онро ҳам аз куҷо аз Аврупо? Хайр яке шуду аз пастии фитрататон аз он ҷо ҳам берун шаведу афтед ба Ҳиндустон ё Хитой чӣ ҳиллаву найранг мебофед? Наход гӯед, ки бутпарастатон мекунем?

Мо мардуми сарбаланди тоҷик ҳеҷ гоҳ бозичаи дасти шумои инсоният гумкарда набудему нестем ва ҳеҷ гоҳ ба ҳар сифате, ки набошад дидани шуморо дар Ватани худ қабул надорем.

Фароғат Назарова, муовини раиси

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg