БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИН ҶАҲОНРО БА БАД НАСУПОРЕМ!

АНДЕША. Мавзӯи терроризм ва экспорти он ба дигар давлатҳо, аз масоилоти глобалии ҷаҳонӣ муосир аст. Воқеан ҳам созмонҳои террористӣ дар ибтидои қарни 21 хело афзоиш ёфта, амнияти кишварҳои мухталифро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор доданд.

Боиси таасуф аст, ки ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба ҳалли ин масъала ҷиддӣ сару кор намегиранд, манбаҳои ба маблағтаинкунии онҳоро сари вақт фош намесозанд. Вақте, ки дар ин хусус андеша мерондем сухани шоири Доғистон Расул Ғамзатов ба ёдам омад: «Халқи худро дӯсти бузург мебояд» - гуфта буд Абутолиб дар соли 1941 Воқеан ҳам имрӯзҳо дар ин ҷаҳони пур озору пур аз ихтилоф ҳаммаи мардуми оламро дӯсти мебояд, то ба ин иттиҳоди хешзоди роҳи амалҳои терроризмро гиранд.

Таърихи инсоният худ гувост, ки дар тулии дараҷаи таърихи гуруҳҳои ифродгароию тундрав чӣ бадбахтҳое ба сари инсоният наёвардааст, вале ҳар маротиб ҳақиқат рӯи об меояду ҳақ ба ҳақдор мерасад. Зеро ин ваъдаҳои Худованди пок асту расули ӯ. Худованд дар сураи Ниссо мефармояд: «Эй муъминон Аллоҳро итоат кунед ва итоат кунед расули ӯро ва соҳибони  амреро ки аз худатон ҳаст»

Ба дурусти ин ояти Қуръон, ки мо худ шоҳидем ва ҳаммаи аҳли Тоҷикистониён итоатгари амри Худо ва паёмбари ӯ ва пешвои муаззами миллат мебошем. Ва ҳамин итоатӣ ба суханони Аллоҳ мебошад, ки кишвари ҷангзадаи мо ба зуди аз ҳалқаи марговар роҳҳо ёфт ба сӯи амну суббот қадам гузошт . Мо мардуми тоҷик дар боби мубориза ба терроризм ва дигар гуруҳҳои ифроти, пайрави Пешвои муаззами миллати худ буда, доимо хоҳҳони онем, ки дар саёраи замин хусусан Тоҷикистони азизамон сулҳу салоҳ бошаду ваҳдати байни миллатҳои олам ҳамеша пойдор бимонад. Дар ин боб шоир М.Турсунзода хело бо маврид гуфтааст;

Сулҳ бошад бигзарад нон бемалол,

Аз гулуи халқ дар ҳаргуна ҳол.

Ё худ ҷои дигар мегуяд;

Сулҳ амалии фарзанд бувад,

Хотири ҷамъи куҳансолон бувад.

Дар фароварди навиштори хеш ба аҳли кишвар ва хусусан ба ҷавонон гуфтанием, ки чун гузаштагони хеш ин марзу бумро дӯст доранд, фирефтаи ҳаргуна таблиғоти дуруғин нашаванд, аз шахсони содаю зудбовар набошед. Дар ин боб боз рӯ меорем ба яке аз оятҳои сураи Қуръони: «Эй касоне, ки имон овардаед агар фосиқе бароятон хабар овард таҳқиқ кунед аз рӯи нодони ба мардуме осебе бирасонед, огоҳ аз коре, ки кардаед пушаймон шавед». Мо набояд фаромуш созем, ки як гушаи имон ин ватандори ва дӯст доштани ватани азизамон  аст.

Рустам Солеҳов,

узви ҲХДТ, сармутахассиси шуъбаи

морифи ноҳияи Весеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg