БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ТЕХНИКИИ МАРДУМ ҶИҲАТИ ИСТИФОДАИ ДУРУСТ АЗ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар шароити  муосир масъалаи  шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ технологияи  навин ба яке аз масъалаҳои  доғи рӯз  табдил ёфтааст. Зеро василаҳои  техникии  муосир  дар баробари фоидаи рӯзафзун  ва осон  гардонидани  робитаи  байниҳамдигарии инсонҳо,  ҳамзамон ба манбаи  сохтакориву  аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву  воситаи паҳншавии  ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст.  Бо ҳамин мазмун  дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Доғистон» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардида, дар назди ҷамъомадагон масъулини ҳизбӣ  оид ба ташаккули фарҳанги техникии мардум ҷиҳати истифодаи дуруст аз технологияи  муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  андешаронӣ намуданд.

Сипас, вохӯрӣ бо суолу пешниҳодҳои сокинон анҷом ёфта, дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки ҳамагон расонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg