БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯТИМОН ПАЙВАСТА ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бахтиёр Қарабоев”-и  ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат аз ҷониби  масъулини ҳизбӣ  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон, бо ташаббус ва дастгирии фаъолони ҲХДТ  дар партави Аксияи ҳизбӣ ба хонандаи синфи 3-юм  Юсупова Мафтуна, ки ятими кулл мебошад бо маводҳои хониш дар давоми таҳсил таъмин  карда шуд, ки дар он рӯз хурсандии  Юсупова Мафтунаро  ҳадду канор набуд  ва изҳори миннатдории хешро ба ҲХДТ, алалхусус Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg