БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ТАЪМИНИ АМНИЯТ, АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА ЗИНДАГИИ ОРОМ АСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон  дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар ин хусус,  дар  маҳаллаи Яккатути ҷамоати деҳоти Яккатут ва маҳаллаи Арали ҷамоати  деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ мулоқоти вакили Маҷлиси Намояндагони  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеъи интихобкунандагон баргузор  гардид.

Инчунин, дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия  иштирок дошта, доир ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, самтҳои  асосии  фаъолияти  ҲХДТ, сиёсати пешгирифтаи  Роҳбари давлат дар самти корҳои ободониву бунёдкорӣ  андешаронӣ карда,  таъкид намуд,ки мо сокинон  ба раванди татбиқи босамари  дастуру супоришҳои  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус бо назардошти эълон гардидани солҳои 2019-2021, ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда гузошта, ба хотири таъмини амнияту осоиштагии ҷомеа ва ҳифзи  манфиатҳои  миллӣ  хизматҳои  сазовор  намоем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg