
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардо штани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи «Тутзор»-и ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур вохӯриву суҳбатҳои судмандро атрофи тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ анҷом доданд, ки мулоқоти мазкур дар баланд гардидани допиши сиёсии сокинон таъсири мусбат расонд.
Дар охир дар маҳаллаи мазкур, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», бо ҷалби соҳибкори муваффақ, узви фаъоли ҲХДТ Ҳоҷӣ Қулмаҳмад Абдураҳмонов ба 15 оилаҳои камбизоат кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.