БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК СОҲИБИ МАЪБАДИ НУР ГАШТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар  раванди амалишавии ҳадафҳои стратегии миллии кишвар доимо ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти хосса дода мешавад. Рушди  соҳаи энергетика дар Тоҷикистон барои пешрафти  соҳаи истеҳсолот, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва  паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши хоса  дорад.

Дар ин бора  дар ташкилоти ибтидоии «Ориён» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.  

Намояндагони ҳизбӣ вобаста ба  сиёсати  хирадмандонаи Роҳбари давлат  ҷиҳати  ба кор андохтани агрегати дуюми НБО-и Роғун ҳамчун иншооти муҳими аср андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар суҳбат  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз хавфу хатари ташкилотҳои ифротӣ,тарғиби тарзи ҳаёти солим бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  хурофоту бегонапарастӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз  ба дарки ҳамагон расонида шуда, ҳар яки онҳо барои саҳм гузоштан дар  амалҳои созанда раҳнамоӣ гардиданд.          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg