БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА МАНБАИ АСОСИИ САЛОМАТИИ ИНСОН МЕБОШАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Навобод”  хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Аз ҷониби  масъулини ҳизбӣ дар бораи қабули «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2016-2025», гуфта шуд, ки   ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар ба ҳисоб меравад, ин иқдом саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад. Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад. Зарур аст, ба ҳалли ин масъала дар деҳот низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро беш аз 73 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ барои таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ  ва инчунин, обёрии заминҳои кишт қубурҳои обгузарониро насб карданд, ки ин иқдоми  нек мушкилоти аҳолиро  ҳал намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg