БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ ХАВФНОК БА ҶОМЕАИ МУОСИР

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои  фаъолияти инсон-дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд.

Мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони хусусияти  ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки  кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро  ба харобазор табдил медиҳанд.

Дар ин мавзӯъ  мулоқоти навбатии намояндагони ҳизби ноҳия дар  ташкилоти ибтидоии «Навбунёд»-и Ҷамоати шаҳраки Фархор баргузор гардида, иштирокдоронро аз паёмади хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористӣ, ки ба амнияти давлату миллат  халали ҷиддӣ ворид месозад, огоҳ сохтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg