БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО БАШАББУСИ ҲХДТ ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА ДАСТГИРӢ ЁФТА ИСТОДААСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандонии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» барои дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ ва ҷиҳати дастгирӣ ёфтани қишри ниёзманди аҳолӣ бо сокинони деҳот суҳбату мулоқотҳоро роҳандозӣ намуда истодаанд. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ  бо раисони маҳаллаҳову раисони ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати мазкур мулоқот роҳандозӣ гардида,  масъулин иброз доштанд, ки татбиқи Аксияи мазкур аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз карда, то ин вақт ба хотири амалӣ гардидани он як қатор чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд.  

Дар ҷараёни мулоқот раиси ташкилоти ибтидоии деҳоти «Озодагон» Ҳакимов Ҷовид ба сухан баромада, қайд намуд ки бо қувваи аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоӣ ба 1 оилаи ниёзманди деҳа кумаки хӯрока, расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg