БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮДАКӢ УСТОДИ ШЕЪРУ ШОИР АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи Рӯзи  Рӯдакӣ дар китобхонаи марказии шаҳри Левакант чорабании  сиёсӣ-фарҳангӣ Рӯдакихонӣ  бо  иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва аъзои фаъоли китобхона маҳфили адабӣ доир гардид.

Иштирокдорони ин маҳфил аз ҳаёту фаъолияти сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан гуфта, осори адабии ӯро бо забонҳои тоҷикию русӣ қироат намуда, аз рӯзгори ин мутафаккири бузург саҳначаҳо намоиш доданд.

Дар ҷамъбаст  аз ҷониби масъулини ҳизбӣ изҳор дошта шуд, ки чунин маҳфилҳо дар шинохти асарҳои мондагори мутафаккирон, рӯ овардани ҷавонону наврасон ба фарҳанги пурғановати миллӣ, дар дили онҳо бедор кардани шавқи адабиётдӯстию шеърнависӣ нақши муҳим дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg