
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи Сарвари давлат аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар шахси имконияташ маҳдуд аробачаи маъюбӣ кӯмак расонида шуд.
Аробачаи мазкурро Орзу Ҳамидиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва аъзои фаъоли ҳизб Абдуллоева Дилафрӯз ба Исоев Комилҷон сокини шаҳри Кӯлоб, зодаи маҳаллаи Рӯдакӣ, ки беш аз ду сол мешавад бинобар сабаби бемории диабети қанд аз пойи равон маҳрум аст, дастрас намуданд.Исоев Комилҷон барои чунин дастгирӣ ва ғамхорӣ изҳор сипос намуд.