БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ГУЗАШТАИ ВАЗИНИН ИБРАТ БОЯД ГИРИФТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маркази вилоиятии беморҳои дил дар минтақаи Кӯлоб бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён вохӯрии судманд доир гардид.

Нахуст, Раҳмонзода Абдуғаффор зимни мулоқот қайд кард, ки ҲНИ  бо сабаби берун аз доираи оинномааш фаъолият намудан, тарғиби нажодпарстӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро ба роҳ мондан, ки саропо аз шиору даъватҳои моҷароҷӯёна иборат буд, ҳамчун ташкилоти террористӣ фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд. Дар идома гуфта шуд, ки ҳоло ҳам ба монанди ТТЭ ҲНИ ташкилотҳои ифротие ҳастанд, ки мехоҳанд дигарбора Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта намоянд. Инчунин, таъкид  карда шуд, ки мо аз гузаштаи вазнини худ,  яъне солҳои 90-ум ба сари миллат омада буд, сабақи хубе гирифтем ва бояд шукргузорӣ аз тинҷиву осудагӣ карда, дигарбора ба фиребу дассисаҳои хоинони миллат фирефта нашавем ва танҳо барои ободонии ин Ватани аҷдодии худ содиқонаву софдилона хизмат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg