КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шарҳу тазеҳи вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Раҳмонзода Абдулғаффор вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Орзу Ҳамидиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок карда, вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни мазкур, махсусан дар аксар ҳолатҳо аз ҷониби шахсони мансабдор, кормандони ҳукумат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ҷамоатҳо, хизматчиёни давлатӣ, инчунин берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона гузаронидани маъракаҳои дабдабанок ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо суханронӣ намуданд.
Вобаста ба дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби масъулин баёни андеша гардид.