КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Доир ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҷлис баргузор гардид.
Мулоқот бо иштирок ва суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор оғоз гардида, масъулин
дар баромади хеш баён доштанд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамчун барномаи муккамали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар хеле хуб пазируфта шуда, омили ҳама пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро самараи истиқлолият унвон намуданд.
Инчунин, дар идома таъкид гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, то дар амалӣ гардидани нуктаҳои Паём саҳмгузор бошем.