БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД РИСОЛАТИ ПАДАРУ МОДАР АСТ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар ташкилоти ибтидоии «Саргаҳ» ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии хониши сиёсӣ гузаронида шуд.  

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизб риояи талаботи  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бемориҳои сироятӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ гардида, аз ҳар  як иштирокчии мулоқот барои  дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани фарзандон, ки ин рисолати падару  модар мебошад, даъват ба амал  оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg