БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА РУШДИ ДАВЛАТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №2”-и Ҷамоати шаҳраки Гулистон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ анҷом доданд.                                              

Зимни мулоқот масъулин дар бораи ба фаъолият оғоз  кардани  агрегати дуюми НБО Роғун, суханронӣ намуда иброз  доштанд,  ки бо ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дуюми НБО-и Роғун эҳтиёҷоти дохилии кишвар ба нерӯи барқ ба пуррагӣ таъмин гашта, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои азими содиркунандаи нерӯи барқи сабз табдил меёбад ва аз ин эътибору шуҳрати Ватани азизамон боз ҳам баланд гашта, мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ устувор мегардад.

Ҳамзамон, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд як нафар беморе, ки аз оилаи ниёзманди ҷомеа мебошад,  дар беморхона барои муолиҷа ба таври ройгон бистарӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg