ВОКУНИШ. Ифроту ифротгароӣ падидаи номатлуб мебошад ва ба зӯроварию таҳдид робитаи ногусастанӣ дорад. Ифротгароён ҳама гуна муросо, созиш, музокирот, сулҳро сарфи назар менамоянд. Барои онҳо мафҳумҳои дӯст доштани Ватан – Модар бегона буда, танҳо ноил шудан ба ҳадафҳои нопокашон муҳим аст.
Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) яке аз ин ташкилотщои террористиву экстремистист, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии кишвар манъ карда шудааст. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на онқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст дар хориҷи кишвар ба сиёҳ кардани ному обруи Тоҷикистони соҳибистиқлол машғул ҳастанд. Ин амалҳои палидонаи онҳо худ гувоҳи он аст, ки ҲНИ лӯхтаки дасти кадом хоҷагони хориҷӣ мебошад.
Таи чанд сол мешавад, ки намоянагони гурӯҳҳои террористиву экстремистии ҲНИ, Гурӯҳи 24 ва Паймони миллӣ таҳти роҳбарии хоини давлату миллати тоҷикон Муҳиддини Кабирии ватанфурўш дар ҷаласаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар аврупо (САҲА) иштирок намуда, дар дурӯғу гапҳои туҳматомез обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро ба хок яксон карданӣ меешаванд. Мегўянд, бори каҷ ба манзил намерасад. Имсол ҳам дар конференсияи САҲА, ки аз 16 то 26-уми сентябр дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардида, истодааст, аммо баъзе гурӯҳҳое, ки бо дастгирии мақомотҳои махсуси разведкавии кишварҳои “ба мо маълум” созмону паймонҳои “дурӯғин” сабти ном намуда, дар ҷаласаҳои созмонҳои ҳуқуқи худро ҳамчун “ҳомии хуқуқу озодиҳои инсон”, “ҳомии дини ислом” ва “ҳомии адолат” намоиш дода, баромад карда истодаанд. Бале, онҳо “ҳомӣ”-янд, аммо “ҳомӣ”-и манфиатҳои худ ва хоҷагонашон. Онҳо дар ғами ободии диёр, на дар ғами ҳамватанон ва на дар ғами пешрафту миллату давлати тоҷиконанд. Онҳо танҳо ғами худу ғами хоҷагонашонро мехӯранд, то ин, ки аз куҷо чӣ гуна пул ба даст оваранду ба ҷашми оламиён хок пошанд.
Кам нестанд, давлату созмонҳое, ки ҲНИ, Гурӯҳи 24, Паймони бо номи миллӣ ва ҳаммаслаконашонро гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ эътироф намудаанд.
Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои барои халқу миллат тақдирсоз ҳамкориро бо дастгоҳи идеологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои қудратӣ пурзӯр намуда, барои ошкор ва пешгирӣ кардани афкори авомфиребона, пурмакру хиёнати Ҳизби наҳсати исломиро ба аҳли ҷомеа ошкор намоем. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Амалҳои ҲНИ, Гурӯҳи 24, Паймони ба номи миллӣ ва ҳамақидаҳояшонро маҳкум намуда, аз тамоми ҷомеаи ҷаҳони даъват ба амал меорам, ки ба гуфтаҳои хоинони Ватан – Модар – миллату давлат бовар накунанд, зеро онҳо ба ниятҳои нопоки худ нарасиданд ва нахоҳанд расид.
Наҷидуллозода Насриддин Вафо,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар