БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙМОНИ ХОИНОНУ МАЗХАБФУРУШОНИ ҲНИ ВА ГУРӮҲИ 24, БЕАХДУ БЕИМОНАНД!!!

ВОКУНИШ. Чи тавре, ки огоҳи дорем, шурӯъ аз 16-уми сентябри соли равон дар Варшава пойтахти Лаҳистон, конфренсияи солонаи созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон оғоз шуд. Дар дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дар баробари дигар аъзои ин созмон, ки зиёда аз 60 давлати дунё узви ин созмон мебошанд, Тоҷикистон низ ҳамчун як кишвари узв намояндаҳои худро бо роҳбарии Зариф Ализода ба ин конфронс фиристодааст. Аммо тааҷубовараш ин аст, ки дар конфронс ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ, ки як паймони дурӯғини беахду бепаймон таъсис додаанд, дар ин нишаст иштирок доранд.

Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии ин террористон як аст, ин ҳам бошад, дар асоси дастуру супоришҳои хоҷаҳои хориҷиашон бо туҳмату буҳтонҳои зиёд, нуфузу мартабаи давлату Ҳукумати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилали паст задан мехоҳанд.

Асосан нигароникунанда он аст, ки САҲА хилофи вазифаҳои барномавии хеш солҳои охир бо ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ, мухолифони давлатҳо, ки бо асосу далелҳои дақиқ ташкилотҳои террористиву экстремистӣ эълон шудаву бо дигар ташкилотҳои бузурги терористӣ ба мисоли Ал-Қоида, Толибон ё ДИИШ робитаҳои зич доранд, ҳамкориҳоро ба роҳ монда дар нишастҳои худ, ба онхо минбарҳо медиҳад.

Фаромуш карда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 28 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи созмонҳо, гуруҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад.

Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати ноороми, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии дини фаъолияти аз нигоҳи дини никобпушониест, ки базури дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад.

Ҳамагон огоҳи дорем, ки пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар раванди он пас аз чанде Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсис тода шуд, дар мавсими оғози соҳибистиқлолият ба сатҳи иҷтимоӣ – иқтисодии зиндагии мардум таъсиргузор гашт. Замони барқарор гардидани давлати ҳуҳуҳбунёди соҳибистиклол, гузаштан ба шаклҳои нави қонунгузорӣ дар шароитҳои мураккаби ҷамъиятӣ ҷараён мегирифт ва табиист, ки сатҳи ҷинояткорӣ, падидаҳои номатлуб ба тағайирёбии хусусият ва сифати он ба низоми ҷамъияти, истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддӣ, маданият ва иҷтимоиёти ҷомеа таъсир расонид.

Бо сабабҳои маълум гуруххои муташаккили чинояткор бо куввахои сиёси дохил шуда, фаъолияти сохторхои хифзи хукук ва хокимияти давлатиро фалач гардонида, бо рохи фишору зуровари сохахои иктисодиёт ва арсаи сиёсиро зери назорат мегирифтанд. Гайр аз ин, дар солхои даргирихои муковимати шахрванди микдори зиёди аслиха ба дасти гуруххои чинояткорон афтод, ки онхо аз вазъияти басо ногувори кишвар истифода бурда, бар хилофи сохти давлатдори нисбат ба ахолии осоишта чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин чун тачовуз, одамкуши, рохзани, горатгари, гаравгонгири, ифротгарои ва актхои террористи содир менамуданд. Аз руи тахлилхо, то қунун гаравидани ноболиғону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таҳсил дар мактабҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад. Айни замон ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия», «Толибон» ва «Давлати исломӣ» ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд. Мисоли ин ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ буда, метавонад.

Танҳо дар давоми солхои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ҲНИ содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар ҷумхурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои эктремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати дини, иштирок дар иттиҳодияҳои ҷинояти ва эктремистию терористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зуровари тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз кадим хохони сулҳ аст ва ҳаргиз бадиву хунрезиро қабул надорад. Ҳануз аз таъсисёбии ҳизби наҳзатиҳо маълум буд, ки хамчун ташкилоти террористӣ, лухтаки дасти кадом хоҷагони хориҷӣ мебошад. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои ташкилоти террористии ҳизби мамнуъи нахзатиҳо исломро ниқоб кардаву бо таълимоти мазҳаби ҳанафи созгор нестанд, зеро аз даъватҳои ТЭТ ХНИ буи хун меояд.

Он солҳо ташкилоти террористии ҳизби наҳзатиҳо ошкор намекард, ки дар хориҳа пуштибон доранд ва нақшаҳои хоҷагони худро алайҳи халқи тоҷик амали менамуд. Ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ худро бо ҳар баҳона сафед кардани шуда, аз номи дини поки Ислом баромад мекард.

Мутаассифона, баъзе аз кишварҳо манфиатҳои геополитикии худро пеша карда, аз стандартҳои дугона истифода менамоянд. Аз ҷониби иддае аз ин ташкилоти ифротгаро барои паҳн намудани ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ сайтҳои интернетӣ истифода мешавад, ки дар онҳо баёнияҳо, паёмҳои роҳбарият ва фаъолони он ба халқи тоҷик нашр мешавад.

Фаромуш набояд кард, ки барои сомонаҳои ифротии наҳзатӣ, миллат ва халқу Ватан арзише надоранд. Онҳо аз ин истилоҳот танҳо барои ба ҳадаф расидан суйистифода мекунанду халос ва кушиш мекунанд, ки бо туҳмату буҳтон давлату миллатро сиёҳ кунанд.

Дар воқеъ, дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, суиистифодаи ғаразнок ва ҳадафманди ин зуҳуроти манфӣ аз ҷониби неруҳои гуногуни сиёсӣ афзун мегардад.

Ру овардани бозингарони майдони сиёсии олам ба ин амали мудҳиш ва зишт ҳамчун воситаи расидан ба мақсадхои нопок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад.

Ҳодисаҳои тавлиди Толибон дар Афғонистон, нерӯҳои муқобили режими давлатдории Асад дар Сурия ва ниҳоят пайдоиши Давлати исломӣ дар миёни кишвархои Ироқу Сурия гувоҳи гуфтаҳои болост.

Хулоса, аз ҳадафхои нопоку разилонаи ТЭТ ҲНИ + Гурӯҳи 24, дар маҷмуъ Паймони бо ном миллӣ, бояд ҳамеша огоҳ бошему ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба суханҳои маслиҳатомези Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя намоем, ки ҳақиқат нигарона таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худи ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест».

Муҳаммаддовуд Ҳалимов,

-раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ

 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg