БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУЛ ҲАМ БӮЙ ДОРАД, САРГИН ҲАМ-ПАЙМОНИ МИЛЛӢ, ИН ПАЙМОНИ БО НОМ МИЛЛИСТУ АЗ САРГИН ҲАМ БӮЙГИНТАР АСТ!

АНДЕША.  Бояд гуфт, ки  дар замони муосир мавҷудияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва ифротӣ, монанди ТТЭ ҲНИ, воқеан ҳам ба асари кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад. Аз ин сабаб бояд кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, алалхусус Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки бевосита вазифаҳои асосиашон таъмини сулҳу субот ва таҳкими демократия дар ҷаҳон мебошад,  дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм муттаҳид бошанд ва ҳамкории дурусту ҷиддиеро  роҳандозӣ намоянд.

Аммо нигаронкунанда аст, ки ин созмони бонуфузи ҷаҳонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҷаласаи навбатии худ,ки аз 16 то 26 сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор гардида истодааст, гурӯҳҳои шомили ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротии наҳзатиёну гурӯҳи 24-ро, ки бидуни замон бо номи  Паймони  миллӣ  фаъолияти сиёсӣ доранд, имкониятҳои иштирок ва суханрониву саволдиҳӣ додаанд.

Инҷо бояд зикр намуд, ки амалкарди   Созмони амният ва ҳамкорӣ дар  Аврупо  (САҲА)-ро, на  ҳамчун як ташкилоти таъминкунандаи сулҳу субот дар ҷаҳон, балки як ташкилоти пуштибон аз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ аст, чунки онҳо бо як давлати соҳибихтиёру мутамаддин ҳамкорӣ на карда, бо мухолифони онҳо, ки ҳатто  бо қарори  Суди  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти террористӣ  эълон  шудаанд, ҳамкорӣ  намуда  ба онҳо паноҳгоҳи  сиёсиву минбар  медиҳанд ва гумон мекунанд, ки аъзои ин паймони бо ном миллӣ  таҳти  роҳбарии  Муҳиддин  Кабирӣ  ҳақиқатан ҳам шахсони ҷабрдидаи сиёсӣ ҳастанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем,ки  хатои  сахти  сиёсӣ  кардаанд. Зеро маҳз ба мисли  ана ҳамин ташкилоти террористии ҲНИ, ки як ташкилоти харобовари террористии динисту як кишвари тинҷу осудаи  биҳиштосои  Тоҷикистонро  ба  хун  оғушта  карда мақсад  доштанд, ки бо роҳи зӯрӣ  ҳокимияти  сиёсиро  ба  даст  оранд  ва дар кишварамон сохти теократии асримиёнагиро ҷорӣ кунанд, дигар ташкилотҳои террористии Алқоида, Толибон ва ДИИШ ҳастанд, ки доимӣ  барои  минтақаи  маҳз  Аврупо  хатари  бениҳоят  ҷиддӣ  доранд.

Муҳаммаддовуд  Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg