БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ АМАЛИ НЕК БАРОИ ҲАР ЯК ФАРДИ ВАТАНДӮСТ АСТ!

Н.ХУСРАВ.  Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар  ташкилоти  ибтидоии  “Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгард”-и ноҳияи Носири Хусрав  таҳти  унвони “ Роҳсозӣ амали нек барои ҳар як фарди ватандӯст аст!”  хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулин  доир  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб, амалигардонии  сиёсати  ватандӯстонаи  Роҳбари  давлат  дар самти пешрафту ободии кишвар ҳарф зада,  қайд  намуданд, ки  ҳар  як  сокини  кишвар, бахусус  кормандони  ташкилоти ибтидоии мазкур   бештар  заҳмат  кашида , содиқонаву  софдилона  ва  бо  виҷдони  пок  ба  халқу  Ватан  хизмат  кунанд.

Иштирокдорон  суханрониҳои судмандро дастгирӣ карда, Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро  роҳандозӣ  намуда,  бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 6 километр роҳи гузаргоҳи сарҳадии Гулбаҳор байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар ҳудуди ноҳия мебошад,  таъмири ҷорӣ карданд, ки  имрӯзҳо таввассути ин роҳу гузаргоҳ мардум бе мамоният рафту омад карда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg