ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Сафедшаҳрак”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ гузаронида шуд, мавзӯҳои ҳаётан муҳимро дар бар гирифтанд.
Намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат дар бораи яке аз ҳадафҳои стратегии давлатӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳарф зада, қайд намуданд, ки мо ҳамагон душвориҳои замони бебарқиро аз сар гузаронидем. Хуб медонем, ки барқ барои инсон як неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасему сарфаҷӯю сарфакор бошем. Агар мо чунин рафтор кунем, ҳам ба буҷаи оила ва ҳам ба буҷаи давлат фоида меорем.
Инчунин, ёдоварӣ карда шуд, ки дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ хизматҳои Раиси муаззами ҲХДТ беназир аст. Агар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ намебуд, мо ҳеҷ гоҳ силсила нерӯгоҳҳоро дар маҷрои дарёи Вахш, алалхусус Нерӯгоҳи оби барқии Роғунро сохта наметавонистем.
Дар охир дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамагон ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун гардиданд.