ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шириноб” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Мулоқотро роҳбарияти Кумитаи иҷроия оғоз намуда, дар бораи дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз - ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғун, сафарҳои кории Пешвои миллат ба минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъу Мӯъминобод ва шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуд.
Сипас, дар ин раванд байни масъулин ва иштирокдорон вобаста ба сиёсати беруниву дохилии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ саволу ҷавобҳо ба миён омада, чанде аз онҳо пешниҳод карданд, ки чунин суҳбату вохӯриҳо бештар баргузор карда шаванд.
Дар охир вобаста ба қисмати амалӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии фаъолони ҳизб ба як нафар маъюби гурӯҳи 2-юм Шарипов Дилшод кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд.