БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББӢ ГАРДИДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  бо сокинон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир гардид.

Намояндагон дар рафти суханронӣ  оид ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳа, саҳми ҳар яки онҳо дар ҳашару корҳои дастаҷамъона, сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани духтарон, ҷалби онҳо ба ҳунармандию ҳунаромӯзӣ сухан гуфтанд.

Дар идомаи мулоқот сокинон аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки дар рӯзи таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  дар деҳа бунгоҳи тиббӣ  сохта ба истифода дода шуд, ки онҳо солҳои пешин  аз нарасидани хизматрасонии тиббӣ танқисӣ мекашиданд. Корҳои бунёдкорӣ бо дастгирии шахсони хайрхоҳу саховатпеша, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ   дар ин самт идома дошта, иштирокчиён чунин иқдомҳои некро давоми ғамхориҳои Раиси  муаззами ҲХДТ арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg