ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат»-и ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ вохӯрии судманд доир гардид. Масъулин дар суҳбат сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар самти ободкориву шукуфоии Ватан ва ҳадафҳои бунёдкоронаи ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ тарғиб гардида, зикр карда шуд, ки созандагиву бунёдкорӣ яке аз ҳадафҳои олии ҲХДТ буда, он бо роҳнамоии Роҳбари хирадпеша ва инсонпарвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст.
Дар ҷараёни суҳбат татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ шуда, сокинон барои анҷоми амалҳои хайрхоҳона равона гардиданд.
Вобаста ба ин бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии болозикр ва дастгирии шахсони саховатманди деҳа ба муассисаи таълимии №29 китобҳои хониш ба маблағи 600 сомонӣ харидорӣ ва туҳфа карда шуд, ки ин иқдоми нек аз ҷониби устодону хонандагон бо хушнудӣ пазируфта шуд.