ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои шаҳраку деҳот яке аз вазифаҳои асосии кормандони Хоҷагии манзилию коммуналӣ буда, дар баробари ин онҳо дар ободонию созандагии кишвар саҳми босазои худро мегузоранд. Мулоқоти масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ин ташкилоти ибтидоӣ роҳандозӣ гардида, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баррасӣ карда шуданд. Дар идомаи суҳбат дар бораи яке аз бузургтарин дастоварди соҳибистиқлолӣ - ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғун, хизматҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарки ҳамагон расонида шуда, иброз гардид, ки ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳама ба мақсади таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Дар охир, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ба як нафар шахси эҳтиёҷманд кӯмаки яквақтинаи моддӣ расонида шуд.