Паём башорате ба рушди босуботи ҷомеа

САРБАНД. Дар  деҳаи Вахши шаҳри Сарбанд бо сокинон оид ба баррасии  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрӣ гузаронида шуд.

Ташкилу баргузории чунин вохӯриҳо аз манфиат холӣ набуда, дар он нуктаҳои муҳиму асосии  Паём баррасӣ гардида, дар амал татбиқ мегарданд. Сокинони деҳа аз баромади раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд Саидҷаъфар Ватанзода ва ташкили чунин ҷамъомаду вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Иштирокдорон иброз доштанд, ки Паём барои беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии мардум роҳнамои хубест, ки ин аз ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg