БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ МЕБОШАД

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Таъмиргар” қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуда, бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур ба як нафар ҷавон аз оилаи ниёзманд кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

Инчунин, дар ин раванд суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардида,  қайд карда шуд, ки  саноатикунонии босуръати кишвар яке аз масъалаҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Ҳадафи чорум – яъне саноатикунонии босурати кишвар бо дигар ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ вобастагии амиқ дорад. Агар мо ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ нарасем, корхонаҳои саноатиамонро ба истифода дода   наметавонем. Аз   ҳамин  хотир ҳадафи чорум- ҳадафи асосӣ барои рушди кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg