МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Идораи обтаъминкунӣ»- и ноҳияи Мӯъминобод хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ дар бораи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми НОБ-и Роғун, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда, аз иштирокчиён баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, хайру сахо дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” даъват ба амал оварданд.