ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди ватансозӣ дошта, татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад. Ба ин хотир намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол»-и маҳаллаи №4-и Ҷамоати шаҳраки Фархор мулоқот доир намуданд.
Дар суҳбат масъулин дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба дарки ҳамагон расониданд.
Дар охир иштирокдорон суханрониҳои пурмуҳтаворо ҷонибдорӣ карда, аз мулоқоти судманд ба худ таассуроти нек бардоштанд.