КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази солимии репродуктивии №1” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ аз тарафи иштирокчиён қайд карда шуд, ки яке аз сабабҳои пайдо шудани нофаҳмиҳо дар оила ва ҷудо шудани оилаҳои ҷавон ин тарбияи дуруст нагирифтан дар оила ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Аз ин рӯ падару модаронро мебояд, ки пеш аз оиладор намудан писар ва ё ба шавҳар додани духтарон онҳоро ба ҳаёти оилавӣ пурра омода намуда, ба фарзандон касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзонанд.
Зимни мулоқот иштирокдорон ба масъулини ҳизбӣ суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд