КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи об” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки дар айни ҳол ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, инкишофи сулҳ, ҳифзи аҳолӣ соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мутаассифона, ташкилотҳои террористию экстремистие ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи моро халалдор намоянд. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо тариқи расонаҳои хабарӣ, яъне бо усули муборизаи иттилоотӣ хоинони давлату миллат аз дур истодаву санги маломат ба тарафи давлатдории миллии мо мепартоянд.
Аз ин рӯ, дар чунин шароит барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳату субот дар ҷомеа моро беш аз пеш зарур аст, ки атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созанда дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир созем.