БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАВИИ ҶОМЕА САҲМИ НАЗАРРАС ДОРАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шифо” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни суханронӣ масъулин вобаста ба мавзӯи гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои таррористию экстремистӣ суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз  мушкилотҳои ҷиддӣ ба ташвиш овардааст, ки ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо саҳми ҷавононро дар  пешравии ҷомеа қайд намудааст ва ҷавононро нерӯи созанда ва ояндаи давлату Ҳукумат унвон кардааст. Дар ҳақиқат ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, доимо дар сафи пеш қарор доранд.

Сипас, дар идома оид ба дигар паҳлуҳои фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ масъуланд то бо неруи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор гирифта, ба мафкураи мардум таъсир расонида, ҷомеаро ба корҳои созанда ҷалб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg