
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аз рӯи ҷадвали баргузории суҳбату мулоқотҳо дар ташкилоти ибтидоии “Гимназияи технологӣ” вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Махсусан, вобаста ба таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии сироятшавии аҳолӣ аз касалиҳои ВНМО/АНМО суханронӣ намуда, ба иштирокчиён тавзеҳҳоти мушахсас доданд.