БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАР ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТИ СОКИНОН НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Паёми навбатӣ аз пешрафти устувори Тоҷикистон  дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат дода, ҳамзамон зимни баррасии масъалаҳои  амниятӣ ва сиёсати  хориҷии давлат таъкидҳои  судманд баён гардиданд. Дар ин раванд ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани моҳияти Паёми имсола дар  ташкилоти ибтидоии “Миршикор”  хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар баромад атрофи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат,  ки фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад ва  дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтаанд,  андешаронӣ намуда, аз ҳар як иштирокчӣ  барои дар амал татбиқ кардани сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал овард.

Сипас, Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, аз ҳисоби шахсии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Шарифзода Маҳмадаюб  1 нафар кӯдаки бемор, ки аз оилаи ниёзманди ҷомеа мебошад,  аёдат карда шуда, ба ӯ кумаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg